Зодрӯз муборак, падарҷон! Табрикот барои падар — 14 шеър — tabrik.asia
TJ
👨

Зодрӯз муборак, падарҷон!

Шеърҳо, матнҳои дилнишин ва паёмҳои кӯтоҳ — интихоб кунед, нусха гиред ва бифиристед.

🎂 14 табрикот

Табрикоти зодрӯз барои падар бо забони тоҷикӣ — 14 табрикот: шеърҳо, табрикнома ва паёмҳои кӯтоҳ. «Зодрӯз муборак, падарҷон!» Нусха гиред ва тавассути Telegram ё WhatsApp бифиристед.

Шахси дигарро интихоб кунед
✍️ Номҳоро илова кунед — онҳо дар ҳамаи табрикот пайдо мешаванд
14 нишон дода шуд
Кӯтоҳ
Ҷуз ин сухан нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта, Сад сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ.
Telegram WhatsApp
Шеър
Мавлуди накӯи умр бодо табрик, Ин як зи ҳазори умр бодо табрик. Дар авҷу барор бахту толеи ту бод, Ин авҷу барори умр бодо табрик!
Telegram WhatsApp
Шеър
Эй баландахтар, Худоят умри ҷовидон диҳад, Он чи пирузию беҳрузӣ дар он аст он диҳад. Ҷовидон нафси шарифат бандаи фармон диҳад, Баъд аз он бар ҷумлаи фармони ҳақ фармон диҳад.
Telegram WhatsApp
Шеър
Имдоди Худоӣ бод ёрат, Иқболи замона дар канорат. Чашме нарасад ба эътиборат, Ҳифзи яздонӣ бувад баҳорат.
Telegram WhatsApp
Шеър
Ё раб камоли офиатат бардавом бод, Иқболу давлату шарафат мустидом бод. Солу моҳат мубораку рӯзу шабат ба хайр, Бахтат баланду давлати дунё ба ком бод.
Telegram WhatsApp
Кӯтоҳ
Зодрӯзат муборак падарҷон!
Telegram WhatsApp
Аз дил
Зодрӯз муборак, падарҷонам — тоҷи сарам, эътиборам, такягоҳам… Саломату сарбаланд бошеду сояи меҳратон ҳеҷ гоҳ аз мо дур нашавад. Бе шумо ва бе муҳаббати бепоёни шумо ҳеҷам! Дӯстатон дорам, беҳтарин падари дунё!
Telegram WhatsApp
Кӯтоҳ
Падарҷон, зодрӯзатон муборак! Танатон сиҳат, қадамҳоятон устувор ва рӯзгоратон обод бод.
Telegram WhatsApp
Аз дил
Падари азиз, Шумо такягоҳи хона ва намунаи мардонагии мо ҳастед. Бигзор меҳнати ҳалолатон ҳамеша самар диҳад, дили пурмеҳратон аз мо розӣ бошад ва умри дарозу бобаракат насибатон гардад.
Telegram WhatsApp
Кӯтоҳ
Падари азиз, зодрӯзатон муборак! Сари Шумо ҳамеша баланд ва хонаатон пурбаракат бошад.
Telegram WhatsApp
Кӯтоҳ
Падарҷон, Шумо барои ман беҳтарин намуна ҳастед. Зодрӯзатон муборак!
Telegram WhatsApp
Аз дил
Падари меҳрубонам! Шумо ҳамеша такягоҳи оилаи мо будед ва хастагии худро ҳеҷ гоҳ ба рӯй намезадед. Барои ҳар сабақи зиндагӣ, ки ба ман додед, сипосгузорам. Бароятон умри дароз, саломатии қавӣ ва хотири ҷамъ таманно дорам.
Telegram WhatsApp
Аз дил
Падарҷон, суханони кӯтоҳи Шумо ба ман аз китобҳои дароз бештар омӯхтанд. Дар зодрӯзатон мехоҳам бигӯям: Шуморо дӯст медорам ва бо Шумо фахр мекунам. Худо Шуморо ҳамеша болои сари мо саломат нигоҳ дорад!
Telegram WhatsApp
Бо шӯхӣ
Падарҷон, зодрӯзатон муборак! Ба Шумо саломатӣ, сабр ва пулти телевизореро таманно дорам, ки ҳеҷ кас аз дастатон нагирад. 😄
Telegram WhatsApp

📅 Зодрӯзро фаромӯш накунед

Ёдраскуниро ба тақвим илова кунед — як рӯз пеш хабар медиҳад, табрикот ҳам дар даст мешаванд.

Саволҳои маъмул

Кадом табрикоти зодрӯз ба падар мувофиқ аст?
Дар ин саҳифа шеърҳо, матнҳои дилнишин ва паёмҳои кӯтоҳ ҷамъ оварда шудаанд. Матни дилхоҳро интихоб кунед, тугмаи «Нусха»-ро пахш кунед ва онро тавассути Telegram ё WhatsApp бифиристед.
Чӣ тавр табрикотро тавассути Telegram ё WhatsApp фиристодан мумкин аст?
Дар зери ҳар як матн тугмаҳои Telegram ва WhatsApp ҳастанд. Тугмаи лозимиро пахш кунед — матн худкор ба паёми нав гузошта мешавад.