Зодрӯз муборак, модарҷон! Табрикот барои модар — 17 шеър — tabrik.asia
TJ
👩

Зодрӯз муборак, модарҷон!

Шеърҳо, матнҳои дилнишин ва паёмҳои кӯтоҳ — интихоб кунед, нусха гиред ва бифиристед.

🎂 17 табрикот

Табрикоти зодрӯз барои модар бо забони тоҷикӣ — 17 табрикот: шеърҳо, табрикнома ва паёмҳои кӯтоҳ. «Зодрӯз муборак, модарҷон!» Нусха гиред ва тавассути Telegram ё WhatsApp бифиристед.

Шахси дигарро интихоб кунед
✍️ Номҳоро илова кунед — онҳо дар ҳамаи табрикот пайдо мешаванд
17 нишон дода шуд
Шеър
Муборак зодрӯзат модари ҷон, Набинад ғам вуҷудат модари ҷон, Танат бедард боду хотират шод, Ки ман гӯям дурудат модари ҷон.
Telegram WhatsApp
Шеър
Аё модар лабат дар ханда бошад, Гули рӯят маҳи тобанда бошад. Барои заҳмате бар мо кашидӣ, Ба поят сар ниҳем арзанда бошад.
Telegram WhatsApp
Аз дил
Модар фариштатар зи тамоми фариштаҳост, Номаш нишотбахши каломи фариштаҳост. Бо нури осмониву бо ҷисми хоксор, Болотар аз шукӯҳу мақоми фариштаҳост. Модар ба илтифоти Худованди бениёз, Дар маҳзари дуруду саломи фариштаҳост. Шоду ғамаш ба дидаи бедору меҳрубон, Ҳамрози субҳу ҳамдами шоми фариштаҳост. Модар дар офариниши дунёи тифли ноз, Пайваста бо марому низоми фариштаҳост. Эй Озарахш, шавкати ҳастии ҷовидон, Пайғоми модар асту ба номи фариштаҳост.
Telegram WhatsApp
Аз дил
Аз ҷаннати оғӯши латифат, Асло накунам қасди раҳоӣ, Афришта нахонамат, ки МОДАР, Чу поктар аз фаришта ойӣ.
Telegram WhatsApp
Аз дил
Рӯзи таваллуди ту, рӯзи нигоҳи борон, Бар шӯразори ташна, бар ин дили биёбон. Рӯзи таваллуди ту гӯё пур аз хаёл аст, Ёсу кабутару бод дар ҳайрати ту хоб аст.
Telegram WhatsApp
Кӯтоҳ
Баҳори умратон бишкуфта хоҳам, Ҳаёти пурнишоту суфта хоҳам.
Telegram WhatsApp
Шеър
Фурӯғи дидагонат кам нагардад, Ғаме бар шодии ту зам нагардад. Ниҳоли умри худ дилшод бинӣ, Ниҳоли орзуят хам нагардад.
Telegram WhatsApp
Аз дил
Осоиши умри мо шумоед, Бар риштаи меҳри мо вафоед. Дар ҳар нафасе шумо бо моед, Дар дидаву дил ҳамеша ҷоед.
Telegram WhatsApp
Кӯтоҳ
Зодрӯзат муборак модарҷон!
Telegram WhatsApp
Аз дил
Модарҷони ширинам, раҳнамои зиндагиям, хушзабонам, меҳрубонам, Зодрӯз муборак! Аз даргоҳи Худо талаб мекунам, асло танатон ба табибон ниёзманд нагардаду болои сари мо фарзандон ҳамеша соябон бошед!
Telegram WhatsApp
Кӯтоҳ
Модарҷон, зодрӯзатон муборак! Бигзор дилатон ҳамеша орому лабатон хандон бошад.
Telegram WhatsApp
Аз дил
Модарҷони азиз, гармии хона ва дуои неки Шумо барои мо бузургтарин сарват аст. Таманно дорам, ки сиҳату саломат, хотирҷамъ ва миёни фарзандону наберагон ҳамеша сарбаланд бошед. Зодрӯзатон муборак!
Telegram WhatsApp
Кӯтоҳ
Модари азизам, зодрӯзатон муборак! Саломат бошед ва ҳамеша дар канори мо бошед.
Telegram WhatsApp
Кӯтоҳ
Модарҷон, барои ҳар рӯзе, ки бо Шумо мегузарад, шукр мегӯям. Зодрӯзатон муборак!
Telegram WhatsApp
Аз дил
Модарҷони меҳрубонам! Шумо ба ман роҳ рафтан, сухан гуфтан ва одам буданро омӯхтед. Ҳар чизи неке, ки дар ман ҳаст, аз Шумост. Дар зодрӯзатон аз Худованд барои Шумо умри дароз, тани сиҳат ва дили ором металабам.
Telegram WhatsApp
Аз дил
Модари ҷонам, дуои Шумо ҳамеша ҳамроҳи ман аст — дар сафар ҳам, дар кор ҳам, дар рӯзҳои душвор ҳам. Имрӯз навбати ман аст, ки барои Шумо дуо кунам: ҳеҷ гоҳ ғам набинед ва ҳамеша аз фарзандонатон шод бошед. Зодрӯзатон муборак!
Telegram WhatsApp
Бо шӯхӣ
Модарҷон, зодрӯзатон муборак! Ваъда медиҳам, ки имрӯз зарфҳоро худам мешӯям. Фардо ҳам... шояд. 😊
Telegram WhatsApp

📅 Зодрӯзро фаромӯш накунед

Ёдраскуниро ба тақвим илова кунед — як рӯз пеш хабар медиҳад, табрикот ҳам дар даст мешаванд.

Саволҳои маъмул

Кадом табрикоти зодрӯз ба модар мувофиқ аст?
Дар ин саҳифа шеърҳо, матнҳои дилнишин ва паёмҳои кӯтоҳ ҷамъ оварда шудаанд. Матни дилхоҳро интихоб кунед, тугмаи «Нусха»-ро пахш кунед ва онро тавассути Telegram ё WhatsApp бифиристед.
Чӣ тавр табрикотро тавассути Telegram ё WhatsApp фиристодан мумкин аст?
Дар зери ҳар як матн тугмаҳои Telegram ва WhatsApp ҳастанд. Тугмаи лозимиро пахш кунед — матн худкор ба паёми нав гузошта мешавад.